АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
- БОЗИҲО БО ШЕЪРУ ШУМУРАК
Бисёр бозиҳо бо шумурак шуруъ мешаванд ва аз он ҳусн мегиранд. Ба воситаи шумурак бачаҳо сармир таъин мекунанд ва бозигари сари пилла (марраҷой) – ро муайян месозанд. Шумуракҳо ҳаҷман ва шаклан гуногунанд.
Аксар аз мисраҳои кўтоҳи қофиядор таркиб ёфтаанд ва дар онҳо суханбозӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Масалан:
Чору чанбар,
Беду анбар,
Ин духтарак аз куҷо?
Аз кўҳи ало – було!
Ту бишину ту баро!
Умуман, бозиҳои бачагона бо шеъру шумурак, муколамаи қофиядору суханони мавзуну образнок фаро гирифта мешаванд ва аз ин рў, мавқеи онҳо дар тарбияи эстетикии хурдтаракон хурд нест.
- ЧИСТОН
Дар ҳаёти маънавии бачагон чистонгўӣ ва чистонёбӣ мавқеи калон дорад. Чистонҳои зиёде мавҷуданд, ки эҷодкунандагони онҳо одамони мушоҳидакор, нозукбин ва хушзеҳн будаанд. Ба олам бо назари дақиқ чашм андохта, аниқтарин аломат ва хислатҳои ҳодиса ва ашёро муқаррар намудаанд.
Ҳар як чистони хуб асари мукаммал аст. Дар қолиби шеъри равону салис ва ё насри мусаҷҷаи хушоҳанг эҷод гардидааст. Бачагон дар мавриди мувофиқ ба чистонгўӣ ва чистонёбӣ машғул мешаванд. Яке чистон мегўяд, дигарон бояд ҷавобашро ёбанд. Ёбанда таъриф мешунавад, таърифи ҳазломез: «дег ба сарат тағора». Ин ибора чӣ маънӣ дорад, маълум нест. Мумкин ҳама гап дар ҳамин набудани маъно бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё