АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданИн ҳазл аст, бозӣ аст. Бачагон ба бемантиқӣ хандида шўхӣ мекунанд.
Корней Чуковский яқинан чунин ҳодисаро дар назар дошта, дар китоби машҳури худ «Аз ду то панҷ» қайд кардааст, ки кўдакро ин қабил калимаҳои маънояшон норавшан ва суханони ғайриоддӣ ба ваҷд меоварад.
Бачагон ҳатто дар давоми чистонгўӣ шўхӣ ва шодмонӣ мекунанд.
Агар чистон душвор бошад, гўяндаро саволборон мекунанд:
- Ҷондор аст ё беҷон?
- Ҳалол аст ё ҳаром?
- Дар ҳамин атроф аст ё не?
- Хурд аст ё калон?
Аммо саволҳо аломатҳои асосӣ ва бевоситаи ашё (предмет) - ро дар бар намегиранд. Бачагон бояд фикр кунанд, тамоми донишу фаҳмиши худро ба кор андозанд.
Агар ҷавоби чистонро наёбанд, гўянда чизе талаб мекунад: шаҳр, деҳа, боғ, дарахт ва монанди инҳо. Вале бачаҳо ба додани ин чизҳо розӣ намешаванд, гўё чизи бисёр зарур, қимат ва азизашонро аз даст медода бошанд.
Аммо дар ин ҳолат маҷбур мешаванд, ки чизе ваъда кунанд вабачагон ҷавобро шунида, ба ҳоли худ механданд:
ҳамин чизи оддӣ ба хотирашон нарасид – е!
Дар воқеъ, агар ёфтани чистон осон мебуд, аҳамияти ин бозии бисёр осон ва шавқовар кам мешуд ва дар сари масъалаи додан ё надодани чизе талош карда нишастан зарур намегардид.
Дар фолклоршиносӣ сабаби ваъда кардани шаҳре, деҳае, умуман молу мулк аз тарафи онҳое, ки ба чистонёбӣ ширкат мекунанд, муайян шудааст.
Дар гузашта дар доираи ҳокимони мамлакатҳо маҷлиси чистонгўию чистонёбӣ барпо мешудааст. Аммо ин барои ҳокимон бозӣ набудааст. Агар як ҳоким мулзам (мағлуб) шавад, ба ҳокими дигар аз молу мулкаш чизе медодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё