Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона

Бо қарори Шўрои олимони Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ таҳти № 4 ба чоп тавсия шудааст.

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд!
Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред.
Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

ДУШАНБЕ - 2016

ПЕШГУФТОР
Халқи тоҷик ҳанўз аз давраҳои қадим дар тарбияи фарзандони худ эҷодиёти бадеиро васеъ истифода карда омадаанд ва меоянд, то дар дили бачагон ба воситаи каломи бадеъ ба зебоиҳои ҳаёт шавқу рағбат парваранд.
Ҷиҳатҳои гуногуни моҳияти зиндагиро ба идроки онҳо расонанд. Ҳамчунин ҳиссу фикр, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии онҳоро вусъат диҳанд. Диққати бачаҳояшонро ба самтҳои муҳим ва самарабахши муносибатҳои одамӣ ҷалб намоянд.
1 Барои волидайн, мураббӣ ва омўзгор Истифодаи сухани нафису мавзун – маҳсули эҷоди бисёр наслҳои гузашта ва имрўза аз зодрўзи кўдак сар карда, дар ҳамаи марҳилаҳои ҳаёти ў асрҳо инҷониб давом карда омада истодааст.
Таваллуди кўдак ба оила, хешу табор ва ёру дуст шодкомиҳо меоварад: ҳамдигарро табрик мегўянд, ба хушхабар шодиёна медиҳанд, сурудхонию рақсу бозӣ барпо мегардад, баъд ҳар сари чанд вақт ба шукри серўза, панҷрўза, ҳафтрўза, чилрўза ва соҳибном шудани кўдак маросимҳо барпо мкунанд. Дар рўзҳои гаҳворабандон занҳо зиёфат ороста, дар ҳаққи бача суруд мехонанд:

Бача, бача, ҷони бача,
Худо нигаҳбони бача,
Ҳар кас хўрад оши бача,
Дуо кунад ҷони бача.
Шамсу қамару ситора
Ҳамеша ҳамроҳи бача.

Ба муносибати ин маросимҳо ва ҳаракатҳои аввалини беихтиёри, кўдак, мисли сарҷунбонӣ, қадаммонӣ, лелакбозӣ сурудҳо эҷод шудаанд, ки дар онҳо кўдак бо меҳри зиёд навозиш меёбад. Масалан, вақте ки бори аввал «дада», «ата», «падар», «додо», «оча», «бибӣ, момо… ) мегўяд, суханони зеринро мешунавад:

аз 81
навбатӣ