Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

«Дада», «дада!»
Ҷони дада!
Тарбузи ғелони дада
Химчаи ларзони дада.
Танўри тафсони дада,
Нахўди бирёни дада,
Ғунчаи хандони дада…
Сурудҳои дар навозиши кўдак гуфташуда дар фолклори тоҷик мавқеи махсус доранд. Занон, модарон, хоҳарон, модаркалонҳо суруд хонда, кўдаконро «алла»
мегўянд ва навозиш мекунанд. Бисёре аз аллаҳо ва сурудҳои навозиш бадеҳатан эҷод мешаванд, бинобар ин, баъзан нусхаҳои гуногун пайдо кардаанд.
Дар аллаҳои марбути замони гузашта вазъи ҳоли модарон , ғаму шодӣ ва ҳаяҷони дили онҳо изҳор шудааст, эътироз аз зиндагонии қашшоқона ва тақдири паст акс ёфтааст, нақше аз ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ мондааст.
Дар сурудҳои навозиш ва дўстдорӣ ҳарчанд , ки онҳо шоду масрур кардани бачаро дар уҳда доранд, рози дили калонсолон, орзуву умедҳои ширини онҳо акс меёбад. Ин сурудҳо ҳаҷман хурданд, вазни сабук ва хушоҳанг доранд, тавсифу ташбеҳ ва истиораҳои дилчаспро дар бар мегиранд.
Ҳамту писар кӣ дорад?
Подшоҳ ба тахт надорад.
Вазири вақт надорад.
Муфтӣ аълам надорад,
Муфтӣ аълам надорад!
Қозӣ, аъзам надорад!

Луғат:
Аълам арабӣ китобӣ 1. олимтар, донишмадтар; олими калон.
2. таърихӣ дар аморати Бухоро, мансабе буд, ки ба калонтарини муллоҳо дода мешуд.
Аъзам- азимтар, калонтар, сарвазир.

пешина
аз 81
навбатӣ