АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Қозӣ- 1. арабӣ китобӣ ҳукумбароранда 2. таърихӣ мансабдори шаръӣ дар аморати Бухоро.
Муфтӣ1. мансуб ба муфт, ройгон, бепул.
2 а. динӣ. мансаби олии динӣ дар Тоҷикистон, Муфтии мусулмонони Тоҷикистон
Духтар дорам гул барин,
Мурчу қаламфур барин,
Пиёзи анзур барин,
Себи Самарқанд барин,
Анори тошканд барин!
Баъд падару модар, бобою модаркалон, хоҳару додарон ба кўдакон суруд ёд медиҳанд. Ин сурудҳо дар бораи худи бачагон, падару бобоён, дар бораи табиат, парандагон, растаниҳо, офтобу моҳ, ситораҳо ва монанди инҳоянд.
Дар онҳо осори ақидаҳои анимистӣ – як навъи тафаккури ибтидоӣ, ки аз рўйи он тамоми чизҳои дунё ҷондор пиндошта мешуданд ва тотемизм – ақидаи одамони ибтидоӣ, ки аз рўйи он инсон бо ҳайвонот, парандагон ва растаниҳо хеш дониста мешуд, падидор аст.
Бачагон моҳи дурахшоро дида, шодикунон суруд мехонанд:
Моҳмомо кулча те!
Апачамба бача те.
Ба офтоб рў оварда, аз он хоҳиш мекунанд, ки ба бачагон зебоӣ ва нуру сафо бахшад:
Офтоб баро ба рўям,
Нуқрапўпак ба мўям,
Ҳалқаи зар ба гўшам,
Кўҳна шавад, фурўшам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё