АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Мусичаро дар лаби бом дида, покӣ ва бегуноҳии онро таъкид карда, ба воситаи суруд дар ҳаққи он изҳори ғамхорӣ мекунанд:
Мусичаи бегуноҳ,
Болои сандалӣ баро,
Аз нўлакат муччӣ кунам,
Аз думакат қайчӣ кунам.
Сурудҳои мансуби табиат ва ҷонварон бачагонро бо табиат ва олами ҷонварон шиносо месозанд. Ба инкишофи тасаввур ва дониши онҳо ёрӣ мерасонанд. Зимнан бояд илова кард, ки ин қисми фолклори бачагон дар асоси таҷрибаи зиндагӣ ва мушоҳидаҳои дақиқу амиқи мардум эҷод шудаанд. Дар сурудҳо, агарчи ба шакли одӣ бошад ҳам, муносибати одамон ба ҳодисаҳо, ашёҳои табиат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ тасвири худро ёфтааст.
Дар поёни зимистон , ҳамин ки ба замин нафаси гармӣ расида, барф об мешавад, дар дашту теппаҳо гули зардак ё сияҳгўш мерўяд. Бачаҳо чида, гулдаста баста, сурудхонон ба мардум аз баҳор мужда мерасонанд.Омадани турна низ аз расидани баҳор дарак медиҳад:
Турна қатор меояд,
Арғамчинвор меояд.
Вақти баҳор меояд,
Мавсими кор меояд…
Дар бораи баҳор, борони баҳорӣ, иди қадимии мардуми тоҷик – Наврўз, ки ба муносибати оғоз ёфтани Соли нав (21 март) баргузор мешуду мардуми шодмон ба дашту ҷойҳои сабзазор баромада, гўштингирӣ, бузкашӣ, рақсу бозӣ ташкил мекарданд, ҳар гуна сурудҳои бачагона вуҷуд дорад, ки яке бо номи «Баҳори лолазор омад»
машҳур аст. Дар ин суруд манзараи аз нав зинда шудани табиат, қолини сабз пўшидан ва ба гулзор табдил ёфтани дашту дара, доманаҳои кўҳҳои осмонбўс, талу теппа, боғу ҳавлиҳо тасвир шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё