АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
ба булбул табдил ёфта, ба аз кирдори падар ва
модарандари сабабгори марги ў шудааш суруд мехонад:
Аз барои моиндар,
Моиндараки бадқаҳр,
Падарам маро ронда,
Гургаке маро хўрда.
Ҷон хоҳари дилсўхта,
Устухонамро чида,
Дар кадуча андохта,
Шохи чинор овехта.
Ман булбули саргашта,
Дар кўҳу даман гашта.
Дар яке аз машҳуртарин афсонаҳои бачагона «Бузаки ҷингилапо» гуфтугўи байни бузу саг, бузу шағол ва бузу гург фақат бо шеър давом мекунад.
20 фоизи бештар аз 200 хели афсонаҳои оид ба ҳайвонотро афсонаҳое ташкил медиҳанд, ки дар шеър бунёд ёфтаанд. Мардум ба воситаи ин қабил афсонаҳо ба сухани манзум , ба шеър шавқи бачагонро тарбия кардаанд, оҳанги гуворо ва муносибати нафиси суханро дар хотири онҳо нишондаанд.
Мақоми назм дар афсонаҳои бачагона аз ҳамин ҳам равшан ба назар мерасад, ки аксари афсонаҳо сарахбори манзум –сарафсона доранд. Сарафсонаҳо бо мақсади ба шунидани афсона омода кардани одамон гуфта мешаванд.
Бисёр сарафсонаҳо дар байни бачагон чун сурудҳои мустақил низ интишор ёфтаанд. Илова бар ин, бояд гуфт, ки байни бачагон баъзе афсонаҳо дар шакли назм паҳн шудаанд. Монанди «Чӣ газид?», «Мурғак», «Ўҳу, ўҳу».
Манзумаи «Чӣ газид?» байни бачагон дар шакли бозӣ ҳам машҳур шудааст. Як бачаро гўё «ору мегазад». Бача «вой-вой» гўён садо мебарорад. Дигарон ўро миёнагир мекунанд ва савол медиҳанд: - Чӣ газид? Бачаи «ору газид»
бо имову ишора ҷавоб мегардонад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё