АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Баъд мушак ҳар боре ки ба хонааш бармегардад, ба унвони дўсташ шеър мегўяд:
Мағзу мавиз овардам,
Ҳар чӣ, лазиз овардам.
Тезтар ин ҷо бароед,
Дарро ба ман кушоед!
Духтари мири мушон рашк карда, гамбусакро ба об мепартояд.
Гамбусак аз даруни об ба раҳгузарон бо шеър муроҷиат мекунад. Мушак ба сари ҷўй меояд ва гуфтугўи ў бо гамбусак бо шеър давом мекунад.
Суруд дар банду баст ва мундариҷаи дигар як афсонаи машҳури халқӣ низ аҳамияти дараҷаи аввал пайдо кардааст. Ба воситаи суруд бузу гўсфанду гўсола аз гургон халос мешаванд. Онҳо ҳамсафар шуда, дар як маҳал пўсти гургро, ки дар роҳ ёфта буданд, ба назди остона андохта, ба сифати меҳмони нохонда ба хонаи гургон даромада мемонанд.
Вазъият душвор - онҳо ба дасти гургон афтоданд.
Гургҳо шодӣ мекунанд ва бо навбат суруд мехонанд. Ҳар кадом дар суруди худ ба хўрдани кадом «меҳмон» майл доштанашонро баён мекунанд.
Баъд буз, гўсфанд ва гўсола ба сурудхонӣ навбат гирифта, бо тантана эълон мекунанд, ки онҳо кушандаи гургонанд. Гургҳо трсида гурехта мераванд.
Бисёр афсонаҳои бачагонаи дар бораи ҷонварон, ҳамин хел бо сурудҳо фаро гирифта шудаанд.
Дар байни афсонаҳои сеҳрангез низ афсонаҳои суруддор мушоҳида мешаванд. Яке аз ин қабил афсонаҳо, ки «Булбулаки саргашта» ном дорад, осори ақидахои давраҳои бисёр қадимаро дар хусуси гўё баъди марг ба ҷонваре табдил ёфйтани инсон дар бар кардааст. Духтарак устухонҳои додараки гургхўрдаашро ҷамъ карда, ба халтача андохта, ба шохи дарахт овехта мемонад. Устухон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё