АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Онҳо шўхиомез ва дилсофона ба феълу атвор ва намуди ҳамдигар механданд ва инчунин ягон рафтори номақбули калонсолонро ҳаҷв мекунанд:
Амакам – бенамакам,
Як парча нони гармакам!
Вой дастам, вой дастам, Зани амаки мастам,
Санг катӣ зад ба дастам, Вой дастам, вой дастам!
Хулоса, шеър дар ҳаёти маънавии бачагон мавқеи муҳим дошт ва дорад. Мардум дараҷаи фаҳмиш ва имконияти дарккунии бачаро ба эътибор гирифта, сурудҳое эҷод кардаанд, ки бачагонро ба шавқ меоваранд, ба онҳо лаззати бадеӣ мебахшанд ва мароқи онҳоро ба нафосати сухан ва зебоии ҳаёт афзун мегардонанд.
- СУРУДУ АФСОНАҲО
Суруд дар аксари афсонаҳои халқии бачагона нақши калон мебозад.
Бибигамбусак, ки ошнокобӣ меравад, дар роҳ қурбоққаро дучор мешавад. Қурбоққа ба гамбусак таклиф мекунад, ки дўсти ў шавад.
Гамбусак мегўяд, ки агар бо ягон сабабе аз ман қаҳрӣ шавӣ, чӣ кор мекунӣ?
- Қаҳрам биёд, - гуфтааст қурбоққа, - чашмонамро ало карда, аз поят кашида ба об мепартоям. Бибигамбусак дар ҷавоб шеър мегўяд:
Озорам ман, безорам,
Тоқати ин надорам.
Баъди ҷустуҷў Гамбусак бо муш ошно мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё