Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ДАСТЁРИ ДОДО
Додо, калонак шудаям,
Кўчадавонак шудаям,
Китобхонак шудаям,
Додо , ба ман китоб харед,
Додо, мана мактаб баред.
Додо, манам дилсўзатон,
Ҷома, гиребондўзатон.
Додо, ба ман дафтар харед,
Додо, мана мактаб баред.

(БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲИ 1)

СИНФИ 1

ҲАВО, РЎТА КУШО
Ҳаво, ҳаво, рўта кушо,
Тортораки мўта кушо,
Дарҳои осмона кушо,
Хушрўю тобона кушо,
Кўдакон бозӣ кунанд,
Бозӣ кунанд, шодӣ кунанд.

ОФТОБ
Офтоб барод ба рўям,
Нуқрапўпак ба мўям,
Ҳалқаи зар ба гўшам,
Чойнаки чой ба пешам,
Рехта диҳам ба хешам,
Ба хешаки хушрўям,
Хушрўи қиссагўям.

ҶАЙРА
Ҷайра баромад дар адир,
Дар даҳони ҷайра фатир,
Боғома кардаст ҷазир.
Ҷайра баромад тохта,
Ҳар хоракаш сих сохта,
Дар сари ҷайра нўхта.
Ҷайра тарсонд калбуза,
Сайри полиз то рўза,
Бобо, чӣ шуд харбуза?

МУШАК- МУШАК
Мушак-мушак, гардоне,
Осиёби вайроне.
Орда биёр, кулча кунем,
Ба рўйи лаълича кунем.
Атолаи кочӣ кунем.
Орд, ки нест бо чӣ кунем?
Гандума деҳ, бирён кунем,
Дар тагаки дандон кунем.
Чормағза деҳ, ғелон кунем,
Пистая деҳ, хандон кунем.

БОФ-БОФ
Зилзиламоҳ, найча биёр,
Калобаи оча биёр,
Аз дару дарбача биёр,
Сабади пуркулча биёр.
Найчая пур-пур кунем,
Кулчая хўр-хўр кунем.
Боф-боф кунем дар дукон,
Курта шавад ба Мавлон.

ЛАКЛАКИ ҲИСОРӢ

  • Эй лаклаки ҳисорӣ, Ту хона куҷо дорӣ?
    -Дар шохи чанор дорам, Сад хона қатор дорам.
  • Эй лаклаки ҳисорӣ, Ба хона чӣ меорӣ?
пешина
аз 81
навбатӣ