Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Маскаву панир орам,
    Кулчаву фатир орам.

САВОР ОМАД
Дакар-дукур кӣ омад?
Аз боло савор омад,
Аз мулки Ҳисор омад,
Бобо Зулфиқор омад,
Қамчин думи мор омад,
Сандуқ ба канор омад,
Чил аспи қатор омад.
Дар тагаки дарвоза
Момои Хумор омад,
Ҳамчун гули нор омад,
Монанди баҳор омад.

БОЗӢ КУНАМ
Дадам харид радиё,
Симчаҳояш аз тилло.
Радиёро гўш кунам,
Овозашро хуш кунам,
Ба созаш бозӣ кунам,
Очама розӣ кунам.

АСПИ АЛО
Давидему давидем,
Сари бозор расидем,
Аспи ало харидем,
Аспи ало зин гўяд,
Қамчини нақшин гўяд,
Савори лочин гўяд.

АЗ БОЗОР ЧӢ МЕОРӢ?

  • Эй акаи саворӣ,
    Аз бозор чӣ меорӣ?
    -Як шаддаи марворӣ,
    Як кавшаки булғорӣ.
    Як куртаяки атлас,
    Як камзулаки адрас.
    Як тоқии зардўзӣ,
    Як рўмоли гулдўзӣ.

АККА
Акка, акка, ало ту,
Думат боло, бало ту.
Қанотакат рахти ту,
Дарахтакон тахти ту.
Акка, акка, пар дорӣ,
Аз ҳар ҷо хабар дорӣ.
Нома аз додар биёр,
Муждаи хоҳар биёр.

СИНФИ 2

САФОИ ОЛАМ
Баҳори хуррам омад.
Сафои олам омад.
Шодии одам омад,
Баҳори нав муборак!

Замин пур аз гиёҳ шуд,
Гули бунафша во шуд.
Лола ба ҳар куҷо шўд,
Баҳори нав муборак!

Дар баҳор борон шавад,
Ғалла ҳам арзон шавад.
Нон фаровон шавад,
Баҳори нав муборак!

САРАК-САРАК
Сарак-сарак сароша,
Ҳалқекои тиллоша.

пешина
аз 81
навбатӣ