АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
ҶАЙРА
Ҷайра баромад дар адир,
Дар даҳони ҷайра фатир,
Бобома кардаст ҷазир.
Ҷайра баромад тохта,
Ҳар хоракаш сих сохта,
Дар сари ҷайра нўхта.
Ҷайра тарсонд калбуза,
Сайри полиз то рўза,
Бобо, чӣ шуд харбуза?
ДАВИДЕМУ ДАВИДЕМ
Давидему давидем,
Сари чорсў расидем.
Ўсмаи тар харидем,
Пеши келин давидем.
Келин дар болохона,
Меҳмон дар меҳмонхона.
Келин зулфаша тоб дод,
Домод аспаша об дод.
БОРОН БОРИД
Борон, бор,
Аз нов шор,
Додом дар чўл
Гандумкор.
Борон борид,
Аз нов шорид,
Бобом дар боғ,
Гулҳо корид.
ЗОҒИ АЛО ҚАР-ҚАР
-Зоғи ало Қар-қар!
- Куҷо равӣ?
- Лаб-лаби ҷар, Чӣ мечинӣ?
Меваи тар. - Чӣ мепазӣ
- Ҳалвои тар,
- Кай мехўрӣ?
- Вақти саҳар,
- Кай мемурӣ?
- Соли дигар.
МУРҒИ ДАШТӢ
- Эй мурғи даштӣ, Аз кўҳ гузаштӣ Бобома дидӣ?
Савғома додӣ?
Бобом саломат?
Аз рўзи рафтан Чаро то ин дам Хаташ наомад?
ЧУМЧУҚИ ДАШТӢ
Чумчуқи даштӣ,
Гаштиву гаштӣ,
Барои мўят
Шона наёфтӣ,
Шона, ки ёфтӣ,
Хона наёфтӣ,
Хона, ки ёфтӣ,
Дона наёфтӣ.
ЧОЙРЕЗАКИ ДОДОМ
Олуча гули бодом,
Ман духтараки додом.
Додом шишта чой хўранд,
Ман чойрезаки додом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё