АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Подшоҳи мамлакат баъзе вақтҳо аз фикру зикри мардум огоҳ шудан хост. Ў либоси камбағалона пўшида, шаҳрро давр мезад. Ин бегоҳ дар дар кўчаҳои шаҳр гаштугузор карда, дид, ки аз мўрии бисёр хонаҳо дуд намебарояд. Аксарияти мардум хўроки гарм он тараф истад, нони хўрданӣ надоранд. Дар як канори шаҳр чашми подшоҳ ба дуде афтод, ки аз як ҳавлии вайрона мебаромад.
Наздиктар омад, ки бўи палав ба димоғаш расид. Ба ҳавлӣ даромада, як ҷавони танҳоро дид.
- Эй ҷавон, - гуфт подшоҳ, - ман як марди ғариб.
Мебинам, ки ту танҳоӣ. Чӣ мешуд, ки ҳамин шаб маро дар кулбаат ҷой медодӣ. - Марҳамат, хуш омадед! - гуфт Ҳасанак.
Подшоҳ даромад. Дере нагузашта, ош пухт. Ҳасанак ошро кашида, ба дастархон монд. Ҳар ду бо иштихо хўрданд. Баъд подшоҳ аз Ҳасанак пурсид: - Мардум нони хўрдан надоранд, ту бошӣ, барои як худат ин қадар оши сергўшту серравған пухтӣ. Аз афти коря гон даромад дорӣ?...
- Эй амак, - гуфт Ҳасанак, - гуфтаанд, ки «ангурро хўру боғашро напурс» Ошро хўрдед, ба он тарафаш чӣ кор доред?!
3 Ҳасанак дастурхонро ғудошта, дуторчаашро бароварда,суруд хонда, вақтхушӣ кард.
Подшоҳ фикр кард, ки «ин ҷавонро косиб гўям, , косибмонанд не, савдогар гўям, савдогармонанд не. Ин ё роҳзан аст, ё дузд. Агар фаҳмам, ки роҳзан, ё дузд аст, бурда ба зиндон меандозам». Вай такурў карда, касбу кори Ҳасанакро пурсидан гирифт:
- Бисёр пурсидед – дия! - гуфт Ҳасанак.- Ман на косиб, на ҳунарманд, на дузду роҳзан. Ман як одами меҳнаткаш… Тамоми рўз аз кўҳҳо ҳезум оварда, фурўхтаму аз муздаш ин чизҳоро харидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё