Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Харгўшча ба болои кундаи дарахт баромада, мегуфт:

  • Гўш кунед, эй тарсончакҳо, гўш кунед, ман ба шумо як чизи аҷиб нишон медиҳам…Ман… Ман…
    Ҳамин вақт вай гургро дида, гапашро гум карду нафасаш гашт. Аз тарс мисли ҳаппак лўнда шуд, ба болои сари гург афтод. Афтоду поён ҷаҳида, гурехта рафт.
    Қувваташ намонд, лекин истода натавонист.
    Гумон кард, ки гург аз ақибаш давида меояд. Ва ҳамин замон ўро дошта мехўрад.
    Вай чашмонашро пўшида, дар таги буттае афтиду аз ҳуш рафт. Ва баъди чанд вақт ба ҳуш омада, ҳайрон шуд, ки гург чаро ўро нахўрдааст.
    Гург бошад, вақте ки харгўш ҳаппак барин ба болои сараш афтод, гумон кард, ки касе ўро парронд. Ва бо тамоми қувваташ ба як тарафи дигар гурехта рафт.
    Харгўшча фикр карда, чӣ хел шудани воқеаро пай бурд. Ва ҷасорат пайдо карда, аз таги бутта баромаду ба пеши харгўшҳо баргашта, худро таъриф кард:
  • Ана, дидед, ман аз гург ҳам наметарсам!
    Шариконаш гапи ўро маъқул дониста, сар ҷунбонданд.

АФСОНАИ ҲАҶВӢ
ҲАСАНАК

Аҷаб як ҷавоне буд Ҳасанак. Як тарафи дунёро об барад ҳам, парво надошт. На аз гузашта фикр мекарду на ғами ояндаро мехўрд. Рўз меҳнат мекард, шаб роҳат. Кору бораш сайру гашту саёҳат буд.
Ҳасанак як рўз ба шаҳре расид, ки мардуми шаҳр аз гуруснагӣ ба дод омада буданд. Намедонистанд чӣ кор кунанд. Гуруснагон беҳолу бемадор дар кўчаҳо мехобиданд.
Ҳасанак ба кўҳ рафта, як бор ҳезумоварда мефурўхт.
Се бор ҳезум оварда мефурўхт. Ба худаш мувофиқ гўшту равғану биринҷу сабзӣ харид мекард. Ба як ҳавлии бесоҳиби вайрона даромада, дар тараддуди ошпазӣ шуд. . .

пешина
аз 81
навбатӣ