АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданПодшоҳ бовар накарда, рўзи дигар ба бозори ҳезум омад. Дид, ки дар ҳақиқат Ҳасанак ҳезум фурўхта истодааст.
Подшоҳ ба қасраш омада, фармуд, ки ҳезумфурўширо манъ кунанд. Ҷарчиҳо (хабарчиҳо) дар кўчаву бозор гашта, бонг заданд, ки:
- Ҳукми подшоҳ ин аст, ки ҳар кас ҳезум фурўшад, ҷояш зиндон мешавад. ..
4 Бегоҳии ҳамон рўз подшоҳ боз либоси камбағалона пўшида, аз пеши истиқоматгоҳи Ҳасанак гузашт. Ин дафъа ҳам аз ҳавлии вайрона бўи ош ба димоғаш заду ба ҳавлӣ даромад. - Марҳамат кунед, марҳамат кунед, - гуфта Хасанак ўро даъват кард.
Подшоҳ даромад. Ҳасанак ошашро кашид, ҳар ду ҳўрданд. Подшоҳ пурсид, ки: - Эй ҷавони мусофир, шунидам, ки подшоҳ ҳезумфурўширо манъ кардааст. Гумон карда будам, ки ту ҳезум фурўхта натавониста, имрўз гушнаю ташна хобидаӣ?
-Хок бар сари подшоҳатон, намедонам, ки вай ба чӣ сабаб ҳезумфурўширо манъ кардааст. Оламро гашта, дар ҳеҷ ҷо ин хел қоидаву қонуни аблаҳонаро надида будам.
Ҳезумфурўширо, ки манъ кард, алаф оварда фурўхтам. - Агар алаффурўширо ҳам манъ кунад, чӣ кор мекунӣ? – пурсид подшоҳ.
- Чӣ кор мекунам? Меравам, ҷорўбӣ зада омада, ҷорўбфуршӣ мекунам.
Агр подшоҳ ҷорўбфурўширо ҳам манъ кунад - чӣ? - Боз ягон роҳи зиндагиро меёбам - дия. Шумо аҷаб одаме будаед.
Ҳамаи инро пурсуҷў карда мегардед -мӣ?
5 Ҳасанак дуторчаашро гирифту боз ба сурудхонӣ сар кард:
Ризқи ҳаррўза мерасад аз ранҷ, Ғами беҳуда мехўрад беганҷ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё