АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсонаҳо нишон медиҳанд, ки одамони худбини дурўя ва бадкирдор кам нестанд. Онҳо барои манфиатҳои шахсии худ касонро фиреб медиҳанд, дурўғ мегўянд, ҳилаҳо ба кор мебаранд, сафедро сиёҳ мегўянд, шахсони поктинат ва росткорро ба вартаи ҳалокат меандозанд.
Яке аз ҷонвароне, ки дар афсонаҳои халқии тоҷикӣ хислати ин қабилҳоро дар худ таҷассум мекунад, рўбоҳ мебошад. Ин ҷонвари айёр, баъди пир шуда аз қувват мондан , худро шайх эълон карда, хурўсу мурғи содадилро ба доми худ кашида, худро шайх эълон карда, нобуд мекунад («Рўбоҳ, хурўс, мурғ ва бедона»).
Дар зиндагӣ ҳушёр, ва зирак будан зарур аст. Дар афсонаҳо ин фикр гаштаю баргашта таъкид мешавад. Агар мўрча – персонажи (иштирокчии) афсонаи «Ҷазои ҳилагар» ҳушёрӣ ва чолокӣ аз худ зоҳир намекард, ҳосили гандуми дар давоми сол бо заҳмати зиёд бо ҳамроҳи сангпўшт ба даст овардаи ўро рўбоҳи коргурези фиребгар соҳибӣ мекард. Писарбачаи меҳнатдўст , ки дарахти зардолу сабзонда, ҳосил гирифт, агар зирак намебуд, луқмаи девбарзангӣ мешуд («Донак»).
Афсонаҳо зиндадилӣ, диди расои аҳли меҳнатро дар муайян намудани иллатҳои ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ акс мекунанд.
Қаҳрамонҳои як силсила афсонаҳои халқии тоҷикӣ («Ҳасанак», «Кал», «Девона Ҳусайнӣ», «Кўса» одамҳои шўх, хушдил, бебок (нотарс, далер), ҳозирҷавоб ва ҳазлбозанд. Онҳо дар сифати намояндагони меҳнаткашони ҷафодида амал карда, бар хилофи намуди назарногир ва нуқси баданашон ақли расо, зарофат ва зиракӣ аз худ зоҳир мекунанд, золимонро ҷазо медиҳанд, ба ҳимояи мазлумон мешитобанд, дар вазъиятҳои душвор ва дар мушкилиҳо дасту по гум намекунанд.
Муллоҳои фиребгар писари бетаҷрибаи Кўсаро фиреб дода, ба ивази як тоқӣ тутмавиз гови ўро гирифта мераванд. Кўсаи зирак ҳилаҳо ба кор бурда, харашро ба сифати тиллопартояк, харгўшро дастёри хабарбарак ва калтакро мурдазиндакунак нишон дода, онҳоро ба муллоҳо фурўхта қасд мегирад («Кўса ва муллоҳои фиребгар»).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё