Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Кали зирак бойи хунхорро сахт ҷазо медиҳад.
Афсонаҳи халқӣ чунин фикрро ба диққати бачагон мерасонанд, ки барои аз одамони золим, беадолат ва беномус қасос гирифтан нотарс ва ва чаққону ҳушёр будан лозим аст.
Ҳар кас , ки меҳнат кунад, аз ҳама зўртар аст, оне, ки меҳнат намекунад, ба хўрдан ҳақ надорад – ба чунин хулоса меоваранд « Аз ҳама кӣ зўр», «Мурғ, мурғобӣ ва муш» барин афсонаҳои халқӣ.
Мардум дар афсонаҳои худ, дар зимни тасвир кардани одамони зираку пухтакор, ба ҳоли содалавҳҳо хандидаанд, нодонӣ ва кўтоҳандеширо ҳаҷв кардаанд ва ба ин восита, ба бачагон омўхтаанд, ки зиндагӣ мураккаб ва пур аз задухўрду мубориза, пур аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт, фаҳму донишро тақзо (талаб) дорад.
Агар бузичаҳои мағруру якрав каме ақлу фаросат медоштанд, ба дарё афтода нобуд намешуданд («Ду бузича»).
Яке аз афсонаҳои халқӣ «Лаку Пак» ном дорад. Ин ду инсони покдил, ба сабаби содадилии худ , корҳое мекунанд, бе шавқу ханда тасаввур кардан мушкил аст.
Хаҷви хасисӣ, баднафсӣ, ҳасуд (ҳасадхўр), бахилӣ дар афсонаҳое , ки мардум барои бачагон эҷод кардаанд, мавқеи калон дорад. Тинати (хулқи) бад сарчашмаи азобу машаққат аст. Балки на танҳо азобу машаққат!
Саги баднафс дар об акси худ – саги стухон дар даҳонро дида, барои зада гирифтани устухон худро ба дарё андохта, нобуд мешавад («Саги чашмгурусна»). Рўбоҳ санги сафеди зери чоҳи чуқурро думба гўсфанд гумон карда, худро ба чоҳ меандозад ва нобуд мешавад (Чоҳкан зери чоҳ»).
Афсонаҳои халқӣ ба тарбияи завқи бадеии хурдтаракон бо муваффақият хизмат кардаанд. Вале хизмати оҳо бо ин маҳдуд намешавад. Ба воситаи афсонаҳо мардум ба фарзандони худ ахлоқи нек меомўзанд, беҳтарин хислатҳои инсонӣ: меҳнатдўстӣ, шуҷоат, накукорӣ, покдилӣ, садоқатро тарбия мекунанд.

пешина
аз 81
навбатӣ