АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
. .
Духтари хурдӣ ба ватани девҳо рафта, бо машаққати зиёд доруи ноёб ба даст меоварад. Аз он дору чашми нобинои падараш бино мешавад («Духтари ҷасур»). Духтари дигар ба воситаи зеҳну фаросоти баркамоли худ подшоҳи бераҳмро мағлуб ва мутеи худ мегардонад («Духтари оҳангар»).
Инсонро ҳамеша ва дар ҳама ҷо азми қатӣ лозим аст.
Агар ў мақсади наҷибе пеши худ гузошта бошад ва ё ўро иҷраи кори неке ба уҳда афтад, собитқадамиро аз даст надиҳад.
Қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ аз паси чизҳои ба инсон зарур ба ҷойҳои дур сафар мекунанд, азоб мекашанд, қариб, ки нобуд мешаванд, вале ақибнишинӣ намекунанд. Дев ба дастаи алав мубаддал шуда, тойҳои навзоди аспи парандаро дуздида меравад. Аҳмадпҳлавон ба ҷустуҷўи дев рафта мамониатҳои зиёдеро паси сар карда, ўро ҷазо медиҳад ва тойҳоро бармегардонад («Аҳмадпаҳлавон»). Аҳмад-паҳлавон барин афсонаҳо:
Мурғи заррин, Тўтиҳои сухангў, Оинаи Ҷаҳоннамо, ангуштаринҳои муъҷизакор, доруҳои ҷонбахш ёфта, ба ватани худ меоваранд.
Эраҷ ба ватани девҳо рафта, бо лашкари девон ҷангида падарашро аз асорат халос мекунад ва ватанашро аз ҳуҷуми девҳо муҳофизат менамояд. («Эраҷи девафкан»).
Бисёр афсонаҳо дар замони мо навишта шудаанд, вале қаҳрамонони баҳодури онҳо Қиличпаҳлавон, Кўлулабаҳодур, Салимпаҳлавон ва дигарон, ки дар иҷрои мақсадҳои наҷиб ҳеҷ ҳеҷ чиз садди роҳи онҳо шуда наметавонад, қаҳрамонҳои эпоси (достонҳои) қадимии халқ, алалхусус Фирдавсӣ «Шоҳнома») ва достонҳои («Гўрўғлӣ») -ро ба хотир меоваранд. Дар бораи ҳар кадоми инҳо халқ афсонае эҷод кардааст ва ин афсонаҳои пур аз саргузаштҳои аҷоиб, пур аз талошҳои тезутунд.
барои барқарор намудани адолат ва некӣ , дар қувват додани рўҳи хурдсолон аҳамияти махсус пайдо карда омадаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё