Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

онҳоро дар як китоб гирд оварда, «Ҳазор афсона»
номидаанд. «Ҳазор афсона» яке аз қадимтарин китоби афсонаҳои халқист. Баъдтар дар асоси ин қабил (гуна) афсонаҳо, «Ҳазору як шаб» барин маҷмўаи ҷаҳоншумули нақлу афсонаҳо ба вуҷуд омад.
Падару модар ва модаркалону бобоён дар ҳама замон ба воситаи афсонаҳое , ки дар онҳо ҷонварон амал мекунанд, ба бачагон тарзи зиндагиро меомўхтанд. Агар гунҷишкаки танбал дар сари вақт аз меҳнат нагурехта, барои худ хонаи мустаҳкаме месохт, дар зимистон хору зор ва нобуд намешуд («Гунҷишкаки гапнодаро»).
Афсонаҳо хурдтараконро бо ҷараёни меҳнат шинос мекунанд.
Пахтаро аввал ресмон мекунанд (одамони махсус ба ин кор машғул мешаванд), ресмонро аввал пеши бофанда мебаранд. Бофандагон аз он матоъ тайёр мекунанд, матоъро мебурранд, дўзанда медўзад. Гунҷишкак аз он куртаи оҳарӣ дўзонда, пўшида, зебо мешавад. «Ба замин палосу ба одам либос» гуфта шудааст, дар зарбулмасали халқӣ. Гунҷишкак дар либоси нав худро ба домодии подшоҳ сазовор дида, азми қатъӣ пайдо мекунад ва аз сар ба сар шудан ба подшоҳ наметарсад («Гунҷишкак»).
Дар афсонаҳои тоҷикӣ тасаввуроти қадимии мардумони эроннажод Дар бораи мутассил зидди якдигар амал кардани ду қувва, ки яке - Ҳурмуз – Худои некӣ ва дигар ном Аҳриман – Худои бадиро ба худ гирифтааст, осори равшан дорад. Дар онҳо бадӣ дар симои гурги хунхор, деви одамхўр , подшоҳи золим, вазири бадхоҳ, рўбоҳи маккор, мори заҳрдор, фили бераҳм ва ғайра, некӣ дар симои писари камбағал, кали айёр, парӣ, духтари донишманду ҷасур, писаракони чаққону ҳушёр ва монанди онҳо муҷассам мешавад. Бисёр афсонаҳо дар муборизаи ин ду қувва бунёд шудаанд.
Афсонаҳо ҳақиқати зиндгиро ба шуури бачагон мерасонанд. Дар як гурўҳ афсонаҳо , занҳое тасвир мегарданд, ки бо ақли расо, ҳунару ҷасорати худ ба мардон бартарӣ доштани худро исбот менамоянд.

пешина
аз 81
навбатӣ