АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Афсона
Аз аввал хонданИн машғулият баъзан ба бозии доманадоре табдил меёбад. Бачаҳо як нафарро сармир (ҳоким) ва дигареро котиб (иҷрокунандаи ҳукм) интихоб мекунанд. «Ҳоким»
мефармояд, ки тезгўкро се карат такрор кунанд. Ў номи яке аз бозигаронро мегирад:
- Ҳасанҷон!
-Лаббай! - Лабатон ба шакар, ҳам қанд хўред, ҳам асал!
Шаб ба як шамшер сӣ сар шикаст.
Ҳасанҷон бояд фавран тезгўяки мазкурро ба забон оварад. Агар се бор хуб баён кунад, «котиб» «ғолиб», ғолиб» мегўяд, баръакси ҳол ў ҷазо мебинад: яъне бо фармони «ҳоким» ё суруд мехонад, ё мерақсад ва ё ба масофаи муайян медавад, ба шарте ки бачаҳо берун аз синф ё гурўҳ машғулият гузаронанд.
Дар байни бачагон тезгўякҳое паҳн шудаанд, ки асосан дар рўзҳои мо ба вуҷуд омадаанд. Қисме аз ин тезгўякҳо ба қалами шоирон Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода, Нуъмон Розиқ ва дигар эҷодкорон тааллуқ доранд.
Тезгўякҳо зимнан аҳамияти таълимӣ доранд. Бачаҳо ин асарҳои хурди фолклориро такрор ва ё ҳифз карда, талаффузи буррои ҳарфу овозҳо (фонемаҳо), калима ва ибораҳои мураккабро ёд мегиранд. Ба ғайр аз ин, ба дуруст гузоштани задаи мантиқӣ, риояи оҳаги сухан малака ва маҳорат ҳосил мекунанд.
Нодуруст талаффуз кардани ҳарфу калима ва дар ҷояш нагузоштани задаи мантиқӣ, маънои тезгўякро дигар мекунад ва боиси ханда мешавад.
Собит шудааст, ки тезгўякгўйӣ барои инкиишофи узвҳои нафасгирии бачаҳо низ мусоидат мекунад.
ХУЛОСАИ ЖАНРИ АФСОНА
Афсона дар ҳаёти бачагони халқи тоҷик аз замонҳои
қадим нақше гузошта омадааст. Аз рўйи кор , аҷдодони
мо, мисли ҳамаи халқҳои ҷаҳон , манфиатҳои маънавии
афсонаҳоро дар тарбияи фарзанд фаҳмида будаанд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё