АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
кўҳна бо қаноатмандӣ қайд мешавад: кори ҳазор шутурро мекунад, аммо худ шутур нест; аз асп ҷафокортар аст, аммо ҷаву алаф намехўрад, мисли фил бор мекашад, аммо на паранда аст, на даранда ва на аспи даванд:
Об мехўрад, дарранда нест, Лаҷом дорад, чаранда нест.
Бор мекашад мисоли фил,
Тез меравад, паранда нест.
(Автомашина)
Мардум ба воситаи чистонҳо дар бораи чизҳои муҳим ва ҳодисаҳои диққатангез изҳори ақида кардаанд.
Алалхусус дар бораи хусусияти аҷиби қалам, китоб, илм чистонҳои дилчасп офаридаанд:
Як парча фатир доштем,
Тухми сиёҳ коштем.
Ба чашми худ бидидем,
Бо ақли худ шинохтем.
(Китоб)
Илм дар чистони халқӣ ҳамчун гули бехори ба ҳама даркор тасвир шудааст:
Гуле дидам, ки он бехор бошад, На дар дашту на дар бозор бошад.
На кас ўро харад, на кас фўрўшад, Ҳамеша бар сараш бозор бошад.
(Илм)
Чистон ба воситаи бисёр ин қабил фазилатҳои худ ба адабиёти бачагонаи тоҷик дохил шуд ва дар он мавқеи хосе ишғол намуд.
- БОЗИИ «ТЕЗГЎЯК»
Як ҷузъи муҳими фолклори бачагон аз тезгўяк иборат аст. Гуфтану шунидани ин қабил асарҳо чистонгўгйиро ба хотир меоварад. Бачае ягон тезгўяк мегўяд ва дигарон кўшиш мекунанд, ки онро тез ва равону бурро такрор кунанд. Бачае, ки ин корро хуб иҷро менамояд, ҳуқуқи тезгўяк гуфтан пайдо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё