ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба занону модарони бошарофати мамлакат, ки мушкилоти зимистони имсоларо бо дарки воқеияти вазъ, бо сабру таҳаммул ва бурдборӣ паси сар намуданд, изҳори сипос намоям.
Мо дар ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳамеша ба нерўи созанда ва солими ҳар як фарди баору номус, ватандўсту ватанпараст ва бахусус шумо – занону модарон такя карда, Ватани азизи худро якҷоя ва бо заҳмати созандаву содиқона обод месозем.
Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки нақши занон дар ҳаёти ҷомеаи мо хеле муассир мебошад ва шумо бо маърифату одоб ва нерўву тавони хеш метавонед ба ҳама равандҳои ҷомеа таъсир ва такони ҷиддӣ бахшед.
Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ҳамеша барои ҳифзи саломатии модару кўдак, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ба онҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, аз ҳисоби ҷавондухтарон тайёр кардани кадрҳои тиббӣ, омўзгорӣ ва ихтисосҳои дигар ба касбу ҳунаромўзӣ, аз ҷумла кори хонагӣ ва косибӣ ҷалб намудани онҳо, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад.
Албатта, корҳое, ки то имрўз ба анҷом расидаанд, ҳоло ҳам моро қаноатманд сохта наметавонанд ва мо дар оянда низ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, аз ҷумла занон ҳамаи кўшишу имкониятҳои худро равона хоҳем кард. Вобаста ба ин, мехоҳам як масъаларо махсус таъкид созам, ки соли гузашта мо вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қонун қабул кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё