ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Илова бар ин, охири соли гузашта ҳангоми мулоқот бо доираҳои соҳибкории мамлакат нақш ва аҳамияти соҳибкориро дар байни занон махсус таъкид карда, изҳор дошта будам, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон ҳаҷми маблағгузории грантҳо барои онҳо имсол боз як миллион сомонӣ зиёд карда шавад.
Дар доираи барномаҳои давлатӣ мо масъалаҳои ҷалб кардани занон ба идораи корҳои давлатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои онҳо, андешидани тадбирҳо доир ба беҳтар кардани саломатии модару кўдак ва масоили дигарро тадриҷан ҳаллу фасл карда истодаем. Албатта, мо мушкилоти имрўзаи кишварро, ки муваққатӣ мебошанд, аз ҷумла проблемаҳои дар ҳаёти занон мавҷударо хуб медонем ва тавре ки гуфтам, ҳамаи онҳоро марҳала ба марҳала бартараф месозем.
Масалан, зимистони имсола нисбат ба солҳои пешин хеле сард ва дурудароз омад ва камчинии барқ то имрўз мушкили аввалиндараҷаи Тоҷикистон аст. Бо дарназардошти ин проблема 20-уми январи соли равон агрегати якуми нерўгоҳи барқи обии Сангтўда-1 се моҳ пеш аз мўҳлат ба истифода дода шуд ва мо тамоми чораҳои имконпазирро меандешем, ки нерўгоҳи мазкур то охири соли ҷорӣ пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Дар ин самт, яъне таъмин кардани истиқлолияти энергетикӣ мо ҳоло тамоми захираву имконият ва саъю талоши худро равона кардаем. Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва таъмин кардани рушди мунтазам, бемайлон ва устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар солҳои наздиктарин мушкилоти мавҷударо бартараф карда, сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро ба сатҳи шоиста ва сазовор мерасонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё