ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Қонуни мазкур ҳамчун санади ҷавобгўи ниёзмандиҳои мардум аллакай самараҳои хуб дода истодааст ва ба фикри ман, аз натиҷаҳои он пеш аз ҳама шумо – занону модарони мўҳтарам қаноатманд ҳастед, зеро мушкилоти рўзгорро шумо бештар аз дигарон эҳсос менамоед. Аз ин рў, аз шумо бори дигар тақозо мегардад, ки барои ҳарчи камхарҷ ва осонтар гузаронидани маъракаҳо ва расму оинҳо минбаъд низ ташаббус нишон диҳед.
Илова бар ин, мехоҳам як нуктаро барои шумо – занону модарони арҷманд хотирнишон созам, ки Иди ҳаштуми март дар рўзҳои омодагӣ ба ҷашни бисёр муборак ва азизи мардуми мо – Наврўз таҷлил мегардад.
Ва тавре ки медонед, халқи мо аз азал ҳамчун миллати шаҳрсозу шаҳрдор дар остонаи ин суннати фараҳбахши миллӣ хонаву кошона, асбоби рўзгор, кўчаву хиёбон ва маҳалу гузари худро тозаву покиза мекард, боғу гулгашт ва наҳру ҷўйҳои обро ба тартиб меовард, гулу ниҳол мешинонд ва хулоса Наврўз – ин арўси сол ва рўзи баробариву зебоиро бо дили покизаву манзили мусаффо истиқбол мегирифт.
Шубҳае надорам, ки занону модарони зебоипараст ва духтарони зебоидўсти мо дар ин кори хайру амали савоб низ мисли ҳарвақта саҳми арзанда мегузоранд.
Модарон ва бонувони арҷманд!
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ў чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рўзӣ дар Ватан”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё