ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Дар заминаи тадбирҳои зикршуда ҳайати роҳбарикунандаи тамоми мақомоти идоракунии давлатӣ аз ҳисоби занон торафт афзун мегардад.
Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани квотаи Президентӣ аз соли 1997-ум то инҷониб зиёда аз 6 ҳазор нафар духтарон ба мактабҳои олии мамлакат қабул карда шуданд.
Ҳамчунин аз тариқи додани афзалияти бештар барои аз ҳисоби ҷавондухтарони лаёқатманд тайёр кардани кадрҳои педагогиву тиббӣ, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, заргариву дўзандагӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна мо масъалаҳои таъминоти занонро бо кор ва барои онҳо фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро тадриҷан вусъат медиҳем.
Бо мақсади инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ба касбу ҳунаромўзӣ ҷалб намудани занону духтарон чун соли гузашта имсол низ барои додани 20 гранти Президентӣ 150 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Албатта, тадбирҳои андешидаи мо дар бобати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ҳанўз кофӣ нест. Аз ин рў, ба Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин ҳамаи мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки дар баробари таъмини татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016, ҳамзамон дар бораи ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбариву таъин кардани занону духтарони соҳибмаърифату қобилиятнок, боиффат ва ба онҳо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё