Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, ки дар доираи дастуру супоришоти дар вохўрӣ додашуда таҳия ва қабул гардид, 22 масъалаи марбут ба занон мавриди ҳаллу фасл қарор дода шудааст.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки дар шароити имрўзаи мамлакатамон дар сабук намудани мушкилоти занон дар баробари давлат ва Ҳукумат, инчунин худи занон ва ҳар як фарди баору номусе, ки модари худро азиз медонад ва ватанпарасту ватандўст ва худогоҳу масъулиятшинос аст, бояд саҳмгузор бошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми понздаҳ соли истиқлолият дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ба масъалаҳо ва мушкилоти занон таваҷҷўҳ зоҳир намуда, барои тадриҷан аз байн бурдани онҳо ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳад. Бо мақсади танзими ҳаёти занон ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо ҳоло мо дар мамлакатамон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлативу миллиро қабул ва дар амал татбиқ намуда истодаем.
Илова ба ҳамаи он, барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа моҳи ноябри соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон тибқи қарори худ Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016-ро қабул кард, ки ҳоло татбиқи он оғоз ёфтааст.
Дар доираи татбиқи тамоми он ҳуҷҷатҳо масъалаҳои ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кўдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон тадриҷан ба эътидол оварда мешаванд.

пешина
аз 127
навбатӣ