ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Имрўз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абўалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абўрайҳони Берунӣ, Абўнасри Форобӣ, Муҳаммад Мўсои Хоразмӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абўисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Носири Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият додааст.
Бояд зикр кард, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ хизматҳои ў босазо ва бебадал мебошад.
Ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон имрўз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро дар амал татбиқ менамояд.
Соли гузашта мо бо шумо ҳангоми мулоқот ба таври васеъ масъалаҳои муҳими ҳаёти занони кишварро мавриди баррасӣ қарор дода будем.
Дар асоси он як қатор тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд, ки қабул гардидани барномаи давлатӣ оид ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷўйдухтарон, ҷудо намудани гранти Президентӣ барои инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсиси маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», барқарор намудани корхонаи коркарди мева дар ноҳияи Рашт, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин намудани беморхонаи ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, ба шабакаи Интернет пайваст кардани Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё