Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мо мушкилоти имрўзаи шуморо – занони мўҳтарам хуб медонем. Бо дарназардошти онҳо Ҳукумати Тоҷикистон ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба занонро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.
Бояд таъкид намуд, ки зани тоҷик дар баробари дили бузург доштан басо мушкилнописанд ва шукргузор аст. Ба ин, эътимоди ман пас аз сўҳбат бо як гурўҳ занону духтарони пахтакори хоҷагии ба номи Рўдакии ноҳияи Қумсангир, ки моҳи октябри соли гузашта сурат гирифта буд, боз ҳам комил гашт. Зеро сарфи назар аз мушкилоту харобкориҳои пешовардаи заминларзаи рўзи
29 июли соли 2006-ум ва каму костии зиндагии худ онҳо ба пурсишҳои такрор ба такрори ман «Мо ягон камбудӣ надорем» мегуфтанд. Гумон доштам, ки шояд ба онҳо шикояту гилагузорӣ накарданро таъкид намуда бошанд ва аз ин рў бо исрор талаб кардам, ки хоҳишу дархостҳои худро озодона гўянд. Баъд онҳо чунин гуфтанд: «Ба мо Шумо сулҳ овардед, акнун танҳо бо барқ таъмин намоед, шуд».
Бо дарки масъулият дар назди шумо – модарону хоҳарони азиз бори дигар изҳор менамоям, ки ҳамаи мушкилоти мавҷудаи имрўзаи мардуми кишвар муваққатӣ ҳастанд ва солҳои наздиктарин мо онҳоро бартараф хоҳем кард.
Аз кўшишу талошҳои давлат ва Ҳукумат дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ҳар яки шумо огоҳӣ доред. Бо дарназардошти он, ки бе таҳкими иқтидори энергетикӣ пешрафту тараққиёти устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан душвор аст, мо ҳоло ду нерўгоҳи пуриқтидор, яъне Сангтўда 1 ва 2-ро бо суръат сохта истодаем.

пешина
аз 127
навбатӣ