ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Бояд қайд намуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматие, ки ба таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳо оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа фаъолият доранд ва аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, бояд на барои худнамоӣ ва таъмини манфиатҳои шахсии худ, балки пеш аз ҳама барои беҳбудии вазъи иҷтимоӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, рушди соҳибкорӣ, махсусан беҳдошти кору зиндагии занон саҳм гузоранд.
Ҳадафи ниҳоии мо аз тадбирҳое, ки то имрўз дар доираи сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои занон андешида шудаанд ва дар оянда низ андешида хоҳанд шуд, таъмини озодии воқеии зани тоҷик мутобиқи меъёрҳои тамаддуни муосир ва дар айни замон ҳифзи арзишҳои фарҳангу тамаддуни бостонии миллиамон мебошад. Мо мехоҳем, ки занони Тоҷикистон босаводу соҳибмаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд, зеро онҳо дар баробари ин, ки тарбияткунандаи миллат ҳастанд, оина ва зевари миллати сарбаланди тоҷик ва ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо низ мебошанд.
Ҳамватанони гиромӣ!
Чунон ки дар оғози сўҳбат қайд кардам, имсол барои халқи мо соли махсуси хотирмон ва ниҳоят пурмасъулият аст.
Мо барои дар сатҳи баланд ва ба таври шоиста гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ омодагӣ мебинем.
Мақсад аз таҷлили ҷашнҳои мазкур, ки аз иштироки фаъолонаи шумо – занон бештар ҳусну шаҳомат мегиранд, густариши ҳисси ифтихор ва ҳуввияти миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ, тақвияти худогоҳиву худшиносӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, инчунин вусъат додани корҳои созандагӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё