Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Президенти мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумо – занону модарон ва хоҳарону духтарони меҳрубон ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа бовариву эътимод доранд ва аз шумо тарбияи фарзандони содиқи Ватан ва миллат, ободонии кишвари азиз ва дигар иқдомҳои неку шоистаро интизоранд.
Итминони комил дорам, ки шумо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона ширкат варзида, барои пешрафти Тоҷикистони азиз рисолати созандагии хешро иҷро менамоед.
Дар арафаи Иди байналмилалии занон одатан ба диёри мо фасли нозанини баҳор омада, гулҳо мешукуфанд. Вале шумо – бонувони азизу арҷманд, гулҳои зебои ин сарзамини ҳамешабаҳор ҳастед, ки бо зебоиву малоҳат, ҳунари волою маърифат ва меҳру шафқати худ рўзгори моро таровати хоса мебахшед.
Шуморо бори дигар бо арафаи фарорасии Наврўзи Аҷам ва рўзи байналмилалии занон самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатмандиву рўзгори обод, бахту саодати пойдор ва сулҳу амонӣ орзу мекунам.
Бигзор лабҳои занону модарон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша пурханда бошанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ дарду ғамро набинанд. Орзу дорам, ки худованди мутаол хонадонатонро пур аз файзу баракат гардонад ва ҳар яки шуморо ба тамоми ниятҳои некатон расонад.

Бахт ёратон бод, модарону хоҳарони азиз!

пешина
аз 127
навбатӣ