Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз дар Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо маром ташаккул меёбанд ва шумораи онҳо сол то сол меафзояд.
Агар соли 1995-ум дар мамлакат танҳо се ташкилоти ғайриҳукуматии занон вуҷуд дошта бошад, пас ҳоло шумораи онҳо ба 153 адад расидааст.
Ин созмонҳои ғайриҳукуматии занон беш аз пеш дар ҳалли мушкилоти мушаххас ва ҳаётан муҳим, қабл аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву иқтисодии занон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва фарҳанги оиладорӣ мусоидат намуда, иштироки онҳоро дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ беҳтар месозанд.
Борҳо таъкид кардаем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар шароити кунунӣ ҳамкориҳои мо бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд дар сатҳи баланд ва ҳамбастагии комил сурат гиранд.
Дар навбати худ бо он созмонҳое, ки доир ба масъалаҳои дорои аҳамияти умумимилливу давлатӣ пешниҳодҳои ҷолиб доранд, бо ҳисси эҳтиром ҳамкорӣ хоҳем кард. Дар ин робита ба сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки ҳамкориро бо чунин созмонҳо беҳтар ба роҳ монанд.
Ҳамзамон мо барои мусоидат дар ҳаллу фасли мушкилоти занон ва кўмаку дастгирии созмонҳои ғайриҳукуматии онҳо ба фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи Рушди занони Созмони Милали Муттаҳид, Рушди кўдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон имкониятҳои афзалиятнок додаем.

пешина
аз 127
навбатӣ