ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Пос доштани муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла расму суннати гузаштагон, ки дар ҷараёни ҳазорсолаҳо вобаста ба тафаккури миллӣ, дину оин, вазъи иҷтимоӣ, омилҳои иқтисодиву сиёсӣ ва тарзи зиндагӣ ташаккул ёфтаанд, барои мо фарз аст.
Вале расму оинҳо бояд танзим гардида, ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ба меъёрҳои зиндагии солим, пешрафти миллат ва тақдири ояндаи фарзандон мусоидат намоянд.
Мардуми мо набояд аз рўи таассуб ва тақлиди якдигар ба исрофкорӣ роҳ диҳанд.
Мо борҳо таъкид карда будем, ки танзими расму оин маънои маҳдуд кардани анъана ва расму оинҳои гузаштаро надоранд, балки яке аз роҳҳои мусоидат намудан ба тарзи зиндагии солим, густариши фарҳанги оиладорӣ, сарфаю сариштакорӣ ва ниҳоят боло рафтани сатҳи маданияти халқамон мебошад.
Бинобар ин шумо – модарону хоҳарони азиз, ки дар баргузор кардани маросим ва суннатҳои мардумӣ саҳми асосӣ доред, барои оддӣ, камхарҷ, хоксорона ва дар муҳити хешу ақрабою ёру дўстон гузаштани тўю маъракаҳо ва дигар маросимҳо кўшиш намоед.
Кумитаҳои кор бо ҷавонон, оид ба корҳои дин, оид ба корҳои занон ва оила, аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллӣ, инчунин раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳо, маҳаллахонаҳо ва хизматчиёни давлатӣ бояд дар доираи салоҳияти худ барои ба танзим овардани расму оинҳо чораҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, доир ба иҷрои супориши маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 январи соли 2006 оид ба танзим намудан ва гузаронидани ҷашну маросимҳо ҳар 6 моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё