Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Хотирнишон месозам, ки беҳтар намудани вазъи иҷтимоии мардуми кишвар, бахусус фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои занони мамлакат минбаъд низ ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат идома хоҳад ёфт.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрўзаи ҷомеаи мо ташаккули тарзи зиндагии солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим мебошад.
Ин масъала, пеш аз ҳама, ба мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ва тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, яъне ба масъалаи оилаи устувор дахл дорад.
Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерўи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рўҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст.
Нақши модар махсусан дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
Аз ин рў, фаромўш набояд кард, ки волидайн ва махсусан модарони имрўза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.

пешина
аз 127
навбатӣ