Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо дарназардошти бахши хусусӣ беш аз як миллион занону духтарон фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда 45 фоизи шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад.
Қисми зиёди кормандони соҳаи маорифу тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Умуман, агар дар соҳаи тандурустии кишвар беш аз 50 ҳазор нафар машғули кор бошанд, аз ин рақам 44 ҳазор нафарашон занон мебошанд.
Дар соҳаи маориф бошад, 52 ҳазор нафари омўзгорон аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрўз дар ҷодаи илм беш аз 1000 нафар занони донишманд ва бомаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд.
Дар баробари ин, як масъалаи муҳим моро ба андеша водор менамояд. Ҳоло теъдоди умумии кадрҳои роҳбарикунанда дар мамлакат 15 ҳазор нафарро ташкил мекунад, вале аз ин нишондиҳанда танҳо 5 ҳазор нафар ба занҳо рост меояд, ки ин ҳанўз ҳам кофӣ нест. Ҳарчанд ки дар солҳои нахустини истиқлолият занон дар сафи кадрҳои роҳбарикунанда тамоман кам ва ҳатто ангуштшумор буданд.
Бо вуҷуди зиддияту пофишориҳои зиёд мо лозим донистем, ки ба хотири ислоҳи чунин вазъи номўътадил фармони махсуси Президенти мамлакатро “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” қабул намоем. Дар он шароит фармони мазкур сиёсати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқатро аз ҳисоби занон куллан дигаргун сохт.
Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мутахассисони ботаҷриба аз ҷумлаи занон ба корҳои масъули давлатӣ ҷалб шуданд. Вале замони имрўза тақозо менамояд, ки мо ба ин масъала муносибати боз ҳам ҷиддитар намоем.
Бинобар ин, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон ҳамаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ба масъалаи амалӣ намудани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” эътибори ҷиддӣ диҳанд.

пешина
аз 127
навбатӣ