ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогўи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед.
Худатон низ доим хушбахт ва саломат бошед!
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МЎҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ
РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ
РЎЗИ МОДАР
(6 марти соли 2012)
Модарону хоҳарони азиз!
Мулоқоти имрўзаи мо бо шумо – намояндагони арҷманди занону модарони мамлакат дар айёме баргузор мегардад, ки ба кишварамон фасли баҳор бо қадамҳои сабзи Наврўзи фаррухпай фаро мерасад.
Шумо хуб медонед, ки Наврўз рамзи эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ мебошад.
Аз ин рў, ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, кулли модарон ва занону духтарони иззатманди Тоҷикистонро ба муносибати Рўзи модар ва айёми истиқболи Наврўзи Аҷам самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рўзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Модар азизтарин вуҷуди рўи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ў оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.
Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад.
Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.
Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромўш намекунем ва ў ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андўҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ў вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё