ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Бешак, ҳақ ба ҷониби онҳост. Вале дар ин раванд бояд як нуктаи муҳимро ба назар гирифт, ки фарзандон низ ба поси хизмату заҳмати шабонарўзии волидайн, махсусан модарон дар айёми пиронсолӣ дастгиру ғамхори онҳо бошанд ва ҳамаи мо вазифадорем, ки насли ҷавонро дар ҳамин рўҳия тарбия намоем.
Модарони арҷманд!
Соли равон дар таърихи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон соли махсус аст. Тамоми мардуми ватанпарвари кишвар ва ҳамватанони бурунмарзии мо 20– солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо ифтихор ва шукўҳу шаҳомати бесобиқа ҷашн мегиранд. Роҳи бистсолаи тайкардаи Тоҷикистон барои ҳамаи мо, бахусус барои шумо - модарони гиромӣ, роҳи осону ҳамвор набуд.
Аз сари мо бисёр сахтиву маҳрумиятҳо гузаштанд.
Лекин мо аз оғози соҳибистиқлолӣ ба оянда бовар доштем, талош варзидем ва ба ин рўзҳои равшану саодатбор расидем.
Дар пеш моро боз уфуқҳои фарохтару пуранвор интизоранд. Мо итминони комил дорем, ки шинохти дирўзу имрўзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба ҷо овардани шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ мардуми моро ба соҳили мурод мерасонад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо - модарони азизу арҷмандро ба муносибати Рўзи модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар кадоматон бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрўзӣ орзу менамоям!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё