ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Мо шумо – модаронро баробари Ватанамон азиз мешуморем ва дўст медорем.
Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ў ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дўст доранд ва азиз шуморанд.
Чунки мардон аз домани поку мубораки модар ба меъроҷ расидаанд ва ҳеҷ пайғамбаре бе модар ба дунё наомадааст. Аз ин рў, пайғамбари бузурги ислом – ҳазрати Муҳаммад дар мавриди мақому манзалати модар дар яке аз ҳадисҳои шарифи худ чунин фармудааст: «Фазилату савоби некӣ ва эҳсону хизмат дар ҳаққи падару модар бештар аз намоз, закот, ҳаҷ, умра ва ҷиҳод дар роҳи Худои таоло аст».
Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба модар - сарчашмаи бузурги зиндагӣ ҳанўз дар гузаштаҳои дур аҷдоди мо ҳар сол рўзи муайянеро ба поси заҳматҳои беинтиҳои ў ҳамчун иди модар ҷашн мегирифтаанд.
Чунонки Абўрайҳони Берунӣ менависад, дар байни ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик ҳанўз аз замонҳои қадим анъанаи ҷашнгирии иди модар роиҷ будааст.
Тибқи гуфтаҳои ў ин ид дар сарзамини тоҷикон дар моҳи сеюми зимистон, ки Исфандормаз ном дошт, яъне мутобиқ ба моҳҳои феврал-март ҳамчун иди иффату зебоӣ ва бузургдошти зан – модар васеъ ҷашн гирифта мешудааст.
Ҳарчанд ки бо мурури замон ин иди бошукўҳи таърихии аҷдоди мо фаромўш гардида буд, вале ба шарофати истиқлолияти давлатии кишварамон аз нав зинда гардид ва мо ба хотири эҳёи анъанаҳои неки гузаштагонамон дар мамлакат доир ба иди Рўзи модар қарор қабул кардем ва онро ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлати соҳибистиқлоламон ворид намудем.
Соли сеюм аст, ки ин санаи муборак дар Тоҷикистони азизамон бо шукўҳу самимияти хоса ҷашн гирифта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё