Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамду сано ба зан-модар, ки муҳаббати ў интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ўст.
Бори дигар ҳамаи шумо – модарону хоҳарони меҳрубон ва фарзандони азизро бо ин ҷашни пуршукўҳ шодбош гуфта, бароятон дар арафаи Наврўзи фархундапай рўзгори пур аз баҳорро орзу дорам.

Идатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!
ПАЁМИ ТАБРИКИИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ МОДАР
(7 марти соли 2011)
Модарони азизу гиромиқадр!

Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рўзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо - модарони азиз, дар ҷомеаи мо мебошад.
Ҳамаи шуморо дар ин рўзи мубораку хуҷаста, ки ба оғози зеботарин фасли сол – баҳори гулбасар ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврўзи оламафрўз баробар омадааст, самимона табрику таҳният гуфтан барои ман боиси ифтихору сарбаландист.
Мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ў то ба имрўз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад.
Яъне ниёгони соҳибилму бофарҳанги мо ба қадру қимат ва эҳтироми модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парварандаи арзишҳои волои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дўстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накўкор, далеру шуҷоъ ва ватандўсту ватанпарвар мерасиданд ва ба ў саҷда менамуданд.
Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ў меомўзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ў ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».
Мо аз саҳифаҳои таърихи хеш хуб медонем, ки дар давраҳои гуногун занону модарон дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд.

пешина
аз 127
навбатӣ