КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Метавон парандаҳоро яку якбора ҳам ба муқобили касалии Нюкасла ва ҳам ба муқобили чечак (Оспа) моякубӣ кард. Устуворӣ ва дарозмуддатии ҳасонат аз сабабҳои хўрокдиҳӣ ва нигаҳдорӣ вобаста мебошад.
Бинобар ин баъди моякубӣ миқдори витаминҳои асосӣ ( А, С, Е, гурўҳи В), дар меъёри хўрока бояд ҳатман зиёд карда шаванд.
Пешгирӣ ва чораҳои муборизабарӣ.
Пешгирӣ кардани хоҷагии устувор аз воридшавии барангезандаи касал, тавассути тухмҳои бо мақсади чўҷахобони овардашуда, коргарон, масолеҳи корӣ, хўрока ва густариш зарур мебошад. Саҳни фермаҳо маҳкам карда шуда, даромад ва баромади шахсони бегона манъ карда мешаванд. Ҳамаи зарфҳои баргардонидашуда баъди баровардани гўшт ва парандаҳо бояд бо маҳлули 3% шуста шуда бо буғи формалдегид бо роҳи пош додани маҳлули 40%- формалдегид аз ҳисоби 15-20 мл 1м3 ҳаво бо фосилаи 30 дақиқа безарар гардонида мешавад. Ҳарорат дар дохили камераи безараргардонӣ бояд аз 12-150С паст набошад. Тирезаҳо ва сурохиҳои мурғхонаҳо бояд ба турҳо маҳкам карда шуда бошанд, токи барои даромадани парандаҳои ваҳшӣ монеъа гарданд. Дар хоҷагиҳои калон ҳатман нигоҳ доштани парандаҳои синну солашон якхела, дар як майдонча бо риоя кардани фосилаи зарур байни гурўҳҳои нави парандаҳо зарур мебошад. Дар ҳолати пайдоиш, ё шубҳа пайдо кардан ба касалии Нюкасла таҳқиқоти озмоишӣ гузаронида мешавад. Дар ҳолати натиҷаи мусбӣ нишон додан, хоҷагиро ноустувор эълон карда карантин мегузоранд.
Парандаҳои касал, мурғҳои ноустуворро кушта месӯзонанд ва бо гармӣ коркард мегузаронанд.
Мурғхонаҳои ба касал шубҳанокро бо ваксина моякубӣ мекунанд. Баровардани парандаҳо ва тухмро то солим гардонидан аз касал манъ мекунанд. Масолеҳи камарзиш сўзонида шуда, бино ва масолеҳи боқимонда бо маҳлули ишқори натрӣ (1,5 %), оҳаки хлордор (3 %), креолин (5 %) безарар гардонида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё