КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Тафриқаи ташхис.
Бояд зуком, илтиҳоби ҳалқу хирной (ларенготрахеит) пастереллёз, газаки сироятии бронхҳо, спирохитоз ва заҳролудшавӣ истисно карда шавад.
Табобат.
Табобат вуҷуд надорад. Касалиҳоро табобат кардан ба мақсад мувофиқ нест, чунки хавфи паҳншавии барангезандаи сироятро ба амал меорад.
Ҳасонат.
Парандаҳои касалшуда ва моякубӣ кардашуда сироятпазир мегарданд. Дар зардоби хуни парандаҳо подтанҳои иммунологӣ ҷамъ мешаванд, ки сатҳи онҳо аз сину соли парандаҳо ва услуби моякубӣ вобаста мебошад.
Дар бисёр хоҷагиҳои парандапарварӣ услуби аэрозолии моякубӣ бо истифода аз вируси кишти B1 гузаронида мешавад- Ла-сота, H, Бор-74.
Аз соли 1974, ваксинаи сустфаолгардонидашудаи муқобили касалии Нюкасла истифода бурда мешавад. Ба парандаҳо аз сини 120 рўзагиашон ба дохили мушкҳо 1 мл маҳлули зикршударо равон мекунанд. Ҳасонат баъди 10-
14 рўзи моякубӣ ба амал омада 6 моҳ нигоҳ дошта мешавад. Дар хоҷагиҳои ноустувор чўҷаҳоро бо ваксинаи аз кишти B1 дар 20-25, 45-60, 140-150 рўзагиашон ва сипас баъди ҳар 6 моҳ моякубӣ мекунанд, ё аз ваксинаи кишти Ла-сота, ки ба чўҷаҳо дар сини 10-15, 35-40, 120-140 рўзагиашон сипас баъди ҳар 6 моҳ гузаронида мешавад истифода мебаранд. Дар ҳолати набудани подтанҳо дар чўҷаҳои баровардашуда, моякубии аввалро дар синни 5-6 рўзагиашон аз кишти B1 гузаронида, 3-5 рўз то аввали саршавӣ ва 5-7 рўз баъди гузаронидани моякубӣ истифодаи антибиотикҳо ва доруҳои сулфаниламидӣ қатъ карда мешавад.
Ҳасонат дар гурўҳи парндаҳои бо тарзи аэрозоли моякубӣ кардашуда баъди 7-8 рўз пайдо шуда 6 моҳ нигоҳ дошта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё