КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Якҷоя бо ин безараргардонии аэрозолӣ гузаронида мешавад.
Ахлоти парандаҳои касалро месўзонанд, аммо ахлоти парандаҳои шартан солим барои безараргардонии биотермикӣ ҷамъ карда мешавад. Ҳамаи ҷавонаҳои хоҷагии зарардида, инчунин парандаҳои хоҷагии шахсӣ ва аҳолиро низ моякўбӣ мекунанд. Болу-пар, баъди маҷбуран куштани парандаҳои шубҳанок ва касал бо маҳлули 3 % формалдегид дар муддати 30 дақиқа безарар гардонида мешаванд. Агар дар ҳолати силсилаи пайдарҳами парвариши парандаҳо, имкони аз касал раҳоӣ ёфтан набошад, он вақт дар баровардани насл, зиёдкунии парандаҳо ҳатман танаффуси 2-моҳаи солимгардонии бино ва касал, ивази саршуморри касал бо солим гузаронида мешавад. Дар мавзеъи хавфноки хоҷагӣ ҳамаи парандаҳои ҳассос аз рўи дастурамал моякўбӣ карда мешаванд.
Карантин аз хоҷагӣ баъди 30 рўзи нобуд сохтани саршумори касал ва солимгардонии қатъии бино, саҳни ферма аз рўи дастурамалҳои мавҷуда бардошта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё