Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Зукоми парандаҳо (Грипп птиц)

Зукоми парандаҳо (Grippus avium) - касалии сирояткунандаи парандаҳо буда, ба намуди тааффунӣ ва пайдоиши руҳафтодагӣ, варами узвҳои нафаскашӣ ва хўрокҳазмкунӣ мегузарад.

Маълумотномаи таърихӣ.
Касалиро аввалин маротиба Перрончит (1880) дар Италия бо номи “Доманаи рашҳагии мурғҳо” навиштааст. Касалӣ якчанд маротиба дар бисёр мамлакатҳо пайдо шуда буд, ки дар он ҷойҳо онро бо номҳои гуногун, аз он ҷумла Тоуни классикӣ ва Аврупоии парандаҳо ном мебурданд.
Муҳити вирусии барангезандаи тоуни классикӣ ва аврупоии парандаҳоро Чентани дар соли 1901 муқарар кардааст, аммо дар соли 1955 барангезанда ҳамчун Influenza virus – A ҷудо карда шуд ва баъдан ин касалӣ аз соли 1977 “Зукоми парандаҳо” номгўӣ карда мешавад.
Дар давраи ҳозира зукоми парандаҳо бештар дар шакли тоуни классикӣ вомехурад. Дар Русия барангезандаи тоуни классикии парандаҳо аввалин маротиба дар соли 1902 аз тарафи М.Г. Татарковский муқаррар гашта омўхта шудааст. Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ зукоми парандаҳоро В.Н.Сюрин, Н.Г.Осидзе, Г.А. Сафанов, Г.А. Иванов ва дигарон омўхтаанд.

Барангезанда.
Вируси АРН-дор (Influenza virus зертипи А Hav-1), ба зоти инфлюэнза ба гурўҳи миксовирусҳо, оилаи ортомиксовирусҳо дохил мешавад. Андозаи варион 80-120 нм мебошад. Ҳамаи вирусҳои маълуми зуком ба 8 зертип (А1-А8) дохил мешаванд. Барангзанда бо вируси гурўҳи типи А1-одамон, аспҳо, хукҳо хешовандии маълум дорад.
Вирус дар ҷанини мурғҳо дар кишти ҳуҷайрагӣ барқарор мешавад ва дорои хосияти ширешшавӣ (гемагглютинатсия) нисбати эритроситҳои бисёр намуди парандаҳо, ҳайвонҳои ширхўр ва одамон мебошад.

пешина
аз 95
навбатӣ