КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар организми парандаҳо вирус антигемаглютининҳои бетарафкунанда ва подтанҳои помилимент нигоҳдорандаро индуксия мекунад.
Устуворӣ.
Вируси зукоми парандаҳо дар ҳарорати 65-700С дар муддати 2-5 дақиқа сустфаъол мегардад. Дар ҳолати 400С хусусияти сироятӣ ва ҳемагглютинатсионии он якчанд ҳафта нигоҳ дошта мешавад.
Вирусро дар ҳарорати паст ва дар ҳолати хушккардашуда то 2 сол зинда мемонад. Дар ҳолати сахт яхкунонидан (-700 С) вирус касалиовариашро дар гўшт то 300 рўз нигоҳ медорад. Хушккунонии мояи хўрокаи (ғизо) сироятнок вирусро консерватсия карда, он дар маҳлули 1% NаCl дар муддати 5-7 ҳафта намемирад. Вирусро дар давоми 5 дақиқа, маҳлули 5% атсиди ҳидрогенхлорид, феноли 4 %, оҳаки хлордори 3%, ишқори натриӣ 2 %, атсиди карбони 5% бетаъсир мегардонад.
Нишонаҳои эпизоотологӣ.
Зуком дар байни бисёр парандаҳои хонагӣ ва ваҳшӣ ба қайд гирифта шудааст. Вируси зертипи А1 аз мурғҳо, мурғҳои марҷон ва кафтарҳо ҷудокардашуда барои мушҳо, харгўшҳо ва хукбачаҳои баҳрӣ касалиовар мебошад. Дар байни вируси зукоми парандаҳо киштҳое пайдо карда мешаванд, ки дар онҳо дар болопардаи суперкансиди, нейраминидаза вуҷуд дорад, ки хосса ба вируси зукоми одамон ва аспҳо мебошад. Ин аз бисёр гуногуншаклии вирус ва паҳншавиашон дар байни парандаҳо шаҳодат медиҳад. Ба намудҳо паҳншавии вируси зукоми одамон дар парандаҳо ва паҳншавии вируси зукоми одамон гурўҳи А2 дар байни парандаҳои ваҳшӣ ва хонагӣ исбот карда шудааст.
Аз парандаҳои ваҳшӣ, вируси зуком дар давраи эпидемиологӣ ҷудо карда шудааст. Дар байни парандаҳои ваҳшӣ ва хонагӣ метавонад якбора якчанд позотҳои гуногуни вируси зукоми хоси одамон, парандаҳо ва ҳайвонҳои хонагӣ мавҷуд бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё