КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Барангезандаи зукоми парандаҳо ба хоҷагӣ метавонад бо роҳи хўрока, масолеҳ ва дастгоҳҳо ворид шавад. Хавфи асосиро зарфҳое, ки нимтаи парандаҳо ва тухми онҳо кашонида мешавад доранд. Ҳолатҳои аввали касал чун қоида дар чўҷаҳо ва парандаҳои бемадори камқувват мушоҳида мегардад. Касалӣ хусусан дар ҳолати хўроки камғизои бадсифат, кашонидан ва зич ҷойгиркунӣ ба амал меояд. Кишти вирус ба воситаи организми сусти мурғҳо, ки дар шароити муқаррарӣ нигоҳ дошта мешавад, касалиоварии онро зиёд гардонида, сабаби дар оянда касал шудани парандаҳо мегардад. Аз зуком ҳамаи парандаҳои ҳассос дар хоҷагиҳо, дар муддати 30-40 рўз сирояд меёбанд.
Сироятёбӣ аз вируси зуком дар байни парандаҳо бо роҳҳои нафаскашӣ, даҳон, таги пуст ва дохили мушакҳо ба амал меояд. Хоҷагиҳои дар ҳолати қасабагӣ будани нигаҳдории парандаҳо, нақши асосиро дар паҳншавии барангезанда, гузаштани вирус бо роҳи ҳавоӣ ва об мебозад.
Манбаи барангезанда парандаҳои касал ва вируспаҳнкунандаҳо (вирусҷудокунӣ дар муддати 2 моҳ) мбошанд. Аз организми парандаҳои касал вирус бо тамоми моеъҳо (секретҳо, экскрементҳо) ва инчунин бо тухм ҷудо мешавад. Сабабҳои асосии паҳншавии барангезанда дар дохили хаҷагиҳо метавонанд хояндаҳо, гўрбаҳо ва хусусан парандаҳои ёбоӣ бошанд, ки ба фермаҳои парандапарварӣ ворид мешаванд ё дар он ҷо лона мегузоранд. Мавҷудияти парандаҳои вирусҷудокунанда, манбаи эпизоотӣ дар хоҷагиҳо, ҳолати бе танаффус ворид кардани парандаҳои нави ҳассос, ки дар равиши парвариш касал мешаванд ноустувории доимро ба амал меоранд. Касалшавии парандаҳо ба зуком 80-100% ва марговарӣ 10-90%-ро ташкил медиҳад, ки аз касалиоварии вирус ва шароити нигаҳдории парандаҳо вобастагӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё