Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Дар хоҷагиҳои ба касалии зуком ноустувор, чўҷаҳо бештар ба микоплазмози роҳҳои нафаскашӣ, инчунин микробдории хун, илтиҳоби ҳалқу хирнойи сироятӣ гирифтор мешаванд. Парандаҳои болиғ 40-60% маҳсулнокии тухмгузориро гум мекунанд, ки танҳо баъди 1,2-2 моҳи солимшавӣ барқарор мегардад. Бештар баъди касалии зуком шудан дар парандаҳо ҳасонат ба муқобили касалии Нюкасла, илтиҳоби сироятии ҳалқу хирной, газаки найчаҳои шуш ва чечак нобуд мегардад, ки баъзан ба пайдоиши касалиҳои зикршуда оварда мерасонад.

Пайдоиши касал.
Пайдоиши касал вобаста аз дараҷаи касалиоварӣ ва ҳаракати вирус, шакли фарогирифта ё роҳҳои нафасакашӣ афзоиш меёбад. Баъди ворид шудани вирус ба пардаҳои луобии роҳҳои нафаскашӣ, фаолшавии онҳо дар барқароршавӣ ва ворид шудани онҳо ба системаи хунгард ба амал меояд. Баъди 4-12 соат вирус дар эритротситҳо пайдо шуда ба тамоми организм паҳн мегардад ва дар натиҷа боз барқароршавии вирус ва ҷамъ шудани онҳо дар узвҳои лаҳм ба амал меояд. Барқароршавии вирус сабабгори пайдоиши маҳсулоти заҳрнок мегардад, ки ин ба заҳролудшавии парандаҳо ва марги онҳо оварда мерасонад. Аслан ин дар ҳолати ҷараёни шадидии зуком дида мешавад. Ҷараёни нимшадид ва бардавоми касал то 10-25 рўз тўл кашида, анҷомаш аз муқобилиятнокии организм вобастагӣ дорад.
Ҳамаи кишти вирусии бештар касалиовар новобаста, ба кадом зертип тааллуқ доштанашон шакли фарогирифтаи сироятро ба амал меоранд. Дар ин ҳолат ҳипоплазияи узвҳои лимфоидӣ, кам шудани лимфотситҳо ва паст шудани механизми ҳимоякунии организм ба амал меояд, ки сабаби зиёдшавии вирус дар ҳуҷайраҳо, узвҳо ва бофтаҳо мегардад. Сирояти деворҳои рагҳои хунгузар ба вайроншавии гемодинамикаи деатези ҳеморагӣ ва пайдоиши рашҳагӣ оварда мерасонад.

пешина
аз 95
навбатӣ