Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Даври номаълум гузаштани касал 3-5 рўз тўл мекашад. Касал бо таври шадид, камшадид ва бардавом мегузарад. Дар аввали пайдоиши касал дар парандаҳо, дағалии болу пар, кам шудан тухмгузорӣ ва бемадорӣ мушоҳида мегардад. Прандаҳо чашмонашонро мепўшанд, пардаҳои луобии беруна хуншорадор ва вармдор, минқорашон каме ё пурра кушода буда, аз даҳон моеъи часпаки луобӣ ҷудо гашта, сўрохиҳои бинӣ бо рашҳаҳои илтиҳобии часпида маҳкам мегарданд.
Дар мурғҳои алоҳида обварамии қисми берунаи гўшворакҳо дида мешавад. Тоҷ ва гўшвораҳо дар натиҷаи ҷамъшавии хун ва заҳролудшавии организм бунафшранги торик мегардад. Нафаскашии зуд-зуди хир-хиркунанда, ҳарорати бадан то 440С баланд гашта пеш аз марг то 300С паст мешавад. Дар ҳолати касалӣ зертипи А, ба амал омада марговарӣ 100% - ро ташкил медиҳад. Дар ҳолати камшадид ва шакли бардавоми касал қариб 5-20% парандаҳои касал мемиранд.
Дар қатори сирояти роҳҳои нафаскашӣ дарунравӣ мушоҳида гашта, дар парандаҳои касал ахлот моеъмонанди қаҳваранг ва сабзча мебошад. Нафасгирӣ, невроз, рагкашӣ ҳаракати ғайри самтӣ ва дар ҳолати пеш аз ҷонканӣ, рагкашӣ ва кашидашавии мушакҳои гардан ва қанотҳо дида мешавад. Ҳолатҳои сабук гузаштани касал, бе нишонаҳои саририи касалро мушоҳида кардан аз имкон берун нест.

Таъғироти ташреҳию амрозии касал.
Метавонад гуногун бошад, ки аз ҷараён ва дарозмуддатии касал вобастагӣ доранд. Нишонаҳои бештар хоси касал ин диатези ҳеморагӣ ва мавҷудияти варамии зери пуст дар мавзеи гулў, ҳалқ, гардан, қафаси сина ва пойҳо мебошад. Хуншораҳои алоҳида, дар таги пуст дар мушакҳо, дил, узвҳои нарм ва пардаҳои луобӣ мушоҳида мегарданд.

пешина
аз 95
навбатӣ