Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Дар 45% парандаҳои мурда илтиҳоби пардаҳои луобии бинӣ, илтиҳоби гулў ва пилки чашмҳо пайдо гашта, дар 60% ҳолатҳои касалӣ дар меъда ва рўдаҳо хуншораҳо дида мешаванд. Доимо дар ҳолати зукоми парандаҳо илтиҳоби меъда, рўда, илтиҳоби сифоқ, болопардаи дил, газаки найчаҳои шуш, варамии шуш ҷамъшавии моеъ дар узвҳои дарунӣ, кабудшавии бофтаҳои мушаки пайдо мегарданд. Хусусан тағйиротҳои ба касалӣ хос дар мағзи сар дида мешаванд. Илтиҳоби ҳеморагии болопардаи мағзи сар, хуншораҳои дифузӣ, манбаҳои варамдор ва мулоим шудани (мағзи сар) моддаҳои мағзи сар ба амал меояд. Дар ҳолати таҳқиқоти ҳистологӣ, дар ҳама қисмҳои мағзи сар манбаҳои фавтида пайдо карда мешаванд.

Ташхис.
Дар асоси хусусиятҳои эпизоотологӣ пайдоиши зуком, нишонаҳои хосаи сарирӣ ва тағиротҳои ташреҳию амрозӣ (танҳо ташхиси пшакӣ мумкин аст) гузошта мешавад. Барои ташхиси охирон ҳатман гузаронидани таҳқиқотҳои озмоишии маводҳои амрозӣ (шуш, ҷигар, мағзи сар ва ғ.), ки аз парандаҳои дар ҷараёни шадиди касал фавтида гирифта шудаанд гузаронида мешавад.
Маводи амрозӣ бояд тоза ва бо хунукӣ (-600С) бо маҳлули 50%-глитсерин консерватсия карда шуда бошад.
Барои таҳқиқоти зардобавӣ, аз парандаҳо дар давраи афзоиши касал хунро мегирад. Маводи вирусдорро бо услуби оддӣ дар буфери бо ҳамроҳ кардани 1мл маҳлул 5000 ВТ (вояи таъсиркунанда) стрептомитсин ва пенитсиллин тайёр мекунанд ва ба ҷанини 10-12 рўзаи мурғҳо дар холигии алантоиси сироят мегузаронанд.
Баъди 48 соати сироятгузаронӣ маҳлули алантоисиро гирифта онро барои мавҷуд будани вирус дар аксуламали ҳеммоглютинатсия таҳқиқот мегузаронанд. Инчунин кишти ҳуҷайрагии бисёрқабатаи ҷанини мурғҳо барои омўхтан истифода бурда мешавад, ки баъди 36 соати сироятгузаронӣ ба амал меояд.

пешина
аз 95
навбатӣ