КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Барои озмоиши биологӣ чўҷаҳои 2-4 моҳа истифода бурда мешаванд, ки ба онҳо ба дохили мушакҳояшон 0,5-1 мл маҳлул мегузаронанд.
Баъди 3-5 рўз дар ҳолати мавҷудияти вируси касалиовар дар чўҷаҳо нишонаҳои касал, ки баъзан бо марг анҷом меёбад пайдо мегарданд. Агар касалиоварии вирус паст бошад, он вақт исботи ягонаи мавҷудияти он зиёд пайдо кардани подтанҳо мебошад, ки дар 4-10 рўз баъди сироятгузаронӣ пайдо магарданд.
Аз усулҳои зардобшиносӣ истифода бурдани РЗГА, РГ, РСК имкон дорад. Дар шароити амалӣ бештар усули оддӣ ва дастрас дар ҳолати таҳқиқоти зиёд истифода карда мешавад. Дар парандаҳои касали зукомшуда аксуламалро барои ташхиси ретроспективӣ истифода мебаранд, ки ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ташхиси тафриқавӣ.
Шакли фарогирифта ва тааффунии зукомро ҳатман аз касалии Нюкасла, шакли роҳҳои нафаскашии онро аз илтиҳоби найчаҳои шуш, микоплазмоз, илтиҳоби ҳалқу хирной ва ғайра, касалиҳои роҳҳои нафаскашӣ тафриқа бояд кард.
Табобат.
Табобати хосса вуҷуд надорад. Табобати парандаҳои касал ба мақсад мувофиқ нест. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии касалӣ, парандаҳои касал ҳатман нобуд карда мешаванд.
Ҳасонат.
Баъди касал шудани паранда ба зуком, ҳасонати нопок, ки 6 моҳ давом мекунад пайдо мешавад. Барои киштгирии хосса истифодаи эмбрион ваксинаи ҳидроокисалюмини камфаолгардонидашуда типи А-ро ва ҳамчунин ваксинаи сустфаъоли муқобили зукоми парандаҳоро тавсия медиҳанд. Ваксинаро ба дохили мушакҳо дар мавзеи мушакҳои қафаси сина ё рон мегузаронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё