КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Эмбрионоваксина 2 маротиба бо фосилаи
14 рўз гузаронида шуда, боқимондаи ваксинаҳоро як маротиба мегузаронанд. Ваксинаҳо ба роҳи моякубии парандаҳо бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои хавфи паҳншавии зуком истифода мешаванд. Фақат парандаҳои сариран солим (мурғҳо, мурғобиҳо, мурғи марҷон) аз сини
45 рўзагӣ моякубӣ карда мешаванд. Баъди 14-21 рўзӣ моякубӣ дар парандаҳо, сироятнопазирии устувор пайдо мешавад, ки 6 моҳ давом мекунад. Устувории он ҳатман дар 21-30- юм рўз баъди моякубӣ дар РЗГА назорат карда мешавад. Агар дар 80% парандаҳои тафтишшуда меъёри антиҳемагглютининҳо аз 1:10 паст набошад, ҳасонат – сироятнопазирӣ устувор ҳисобида мешавад.
Пешгирӣ ва чораҳои муборизабарӣ.
Ҳатман ҷо ба ҷо кардани парандаҳои синну соли гуногун дар саҳни ферма бо риоя кардани қоидаҳои зооветеринарӣ ва ташкили гурўҳҳои парандаҳои синну солашон якхела бо пурра гардонидани мурғхонаҳо зарур мебошад. Дар танаффуси байнисиклии (даврагии) пешгирӣ, биноро хуб тоза карда 3-маротиба безарар мегардонанд. Назоратӣ устувории хоҷагӣ ба зуком, нисбат ба тухмҳое, ки барои чўҷахобонӣ аз дигар хоҷагиҳо дохил карда мешаванд доимӣ гузаронида шуда, нақлиёт ва зарфҳои бозгардондашуда безарар карда шуда қоидаҳои байторию-беҳдорӣ ба таври ҷиддӣ риоя карда мешаванд. Дар ҳолати шубҳа пайдо кардан ба пайдоиши зукоми парандаҳо бо таври таъҷилӣ ташхисро бо таҳқиқоти озмоишӣ аниқ карда ҳангоми мавҷудияти касал дар хоҷагӣ карантин эълон мекунанд. Агар зуком дар як мурғхона аниқ карда шавад, парандаҳои касал ва шубҳанокро бо усули бехунрезонӣ кушта нобуд месозанд.
Боқимонда саршумори шартан солим барои гўшт равон карда шуда бино хуб безарар гардонида мешавад. Дар ҳолати пайдоиши касал дар якчанд мурғхона ҳар рўз соқиткунӣ, куштани парандаҳои касал ва бемадорро гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё