КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар ҳолати ҷараёни бардавом бузургшавии ҷигар ва сипурз хосса буда манбаҳои фавтидаи газаки дида мешаванд.
Ташхис.
Дар ҳолати гузоштани ташхис нишондодҳои элизоотологӣ (яку якбора, зуд паҳн шудани касали ва ҳассисии сину-соли мурғобиҳо) нишонаҳои хосси сарирӣ ва тағийротҳои Расми 23 ташреҳию амрозӣ ба назар гирифта мешаванд. Дар хоҷагие, ки касал аввалин маротиба ба қайд гирифта шавад, ҳатман гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ бо ҳаммонанд кардани вирус зарур аст.
Барои ҷудо кардани вирус услуби осонгардонидашуда, консентратсияи вирус истифода мешавад (И.П.Сконсмолос, 1967).
Порчаҳои ҷигар, сипурз ва мағзи сар аз мурғобиҳои фавтида дар уғурчаи фағфури майда карда соида шуда бо ҳамроҳ кардани маҳлули физиологӣ (1:2) бо ҳаҷми баробари шарбати тайёршудаи маводи амрозӣ хлороформ ҳамроҳ карда шуда ба муддати 30-60 дақиқа гузошта мешавад. Моеъи сентрафугакарадшудаи болои пробирка бо мақсади гузаронидани озмоиши биологӣ дар ҷанинҳои 9-10 рўзаи мурғҳо ва мурғобиҳо гузаронида мешавад. Дар ҳолати мавҷудияти вирус баъди 48-72 соати сироятгузаронӣ, дар мурғобичаҳо нишонаҳои сарирӣ ва тағийротҳои ташреҳию амрозии хосса ба амал меоянд.
Ҳаммонанд кардани вирусро бо аксуамали бетарафкуни ба ҷанини мурғҳо ва дар аксуламали РДП мегузаронанд. Барои аксуамал зардоби моякубакардашудаи харгушҳо ё мурғобичаҳо истифода бурда мешавад. Услуби зуд гузаронидани ташхиси касал бо ёрии аксуламали РИФ коркард карда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё